Activities calendar

21 октября 2021

Ҳушдор аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои беш аз 2000 метр барфи тар ва дар баъзе аз ин  манотиқ барфи шадид меборад.

Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Исроил дар Ӯзбекистон

21 октябри соли 2021 бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекситон мулоқоти Раиси Кумита Р.Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зехавит Бен Ҳиллел баргузор шуд.

Хилватшоҳ Маҳмуд: ҚАҲРАМОНРО БИШИНОСЕД!

Ӯ кист: муаллим, наҷотбахши кӯдакон, қаҳрамони давр, ё паҳлавони хоксору соддаи кӯҳистон... Исми зебои ин таҳаматан -Рамазон аст, паҳлавоне, ки дар майдони набарди нобаробар хирсро мағлуб кард. Ҳайвони азимҷусса пас аз ҳарбу зарб ва "гӯштин" бо Рамазон аз "размгоҳ" гурехт.

Қисса ин ҷост, ки чанд наврас аз деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ барои ҷамъ...

Бабр дар оғили як сокини ноҳияи Ишкошим 31 сар чорвои хурдро даридаст

Ин ҳодиса субҳи рӯзи 20-уми октябри соли равон тахминан соати 4:00 дар деҳаи Зонг, ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух додааст. Бабри хашин вориди оғили як сокини ин деҳа шуда 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва 2 сар чорвои калонро захмӣ кардааст.

Ҳамлаи бабр ба моли мардум дар ин минтақа бори аввал...