Вазъи сироят ба коронавирус дар кишвар ва хориҷ аз он

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба  236 миллиону 020 ҳазору  305 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 421 170 нафар ба ин ҷамъ пайвастаанд. Аз марги 4 миллиону 838 ҳазору 850 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар дода мешавад. Зарфи 24 соати гузашта боз 7605 нафар фавтиданд.  Шумори муолиҷашудагон 214 миллиону 157 ҳазору 686 нафар гуфта шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон зарфи шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ё марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  

Шумори мубталоён  ба Covid-19 дар Ӯзбекистон ба 176 477 расидаву аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 1 255 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз гирифтории 178 932 нафар ба Covid-19 ва марги 2 612 нафар аз оғози пандемия хабар дод. Шаби гузашта ҳам дар ин кишвар ду нафар аз  ин беморӣ фавтидаанд.   

Дар Арманистон то имрӯз 267 363 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта аз Covid-19  21 нафар ва аз аввали ҳамагирӣ 5 440 нафар ҷони худро аз даст додаанд.