Кишварҳои ҷаҳон саранҷом ба сари паймоне барои коҳиши хатарҳои тағйири иқлим дар иҷлоси Глазго ба тавофуқ расиданд. Ин аввалин тавофуқи иқлимӣ аст, ки сареҳан қасди коҳиши масрафи зуғолсанг-бадтарин омили тавлиди газҳои гулхонаиро дорад.
Бандҳои асосии ин созишнома:
- Тадриҷан коҳиш додани ҳаҷми истифодаи ангишт чун харобкортарин васила барои табиат.
- Таҳлили пайвастаи корҳои анҷомдодашуда.
- Афзоиш додани кумаки молиявӣ ба кишварҳои фақир ва мамолики рӯ ба рушд барои мубориза бо тағйири иқлим.