КҲФ Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хостори идомаи ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо

15 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори  Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдан баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби сафирро барои таъин шуданаш ба сафирӣ дар кишвари мо муборакбод намуд ва ба меҳмони олиқадр дар бораи корҳои роҳандозимешуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, дар бораи ҳамкориҳо бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки ҷумла бо Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт нақл кард.

Ҷаноби Сафир изҳор дошт, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик то Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад.

«Муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар заминаи эътимод ва самимият рушд мекунанд, мо мардуми Тоҷикистонро самимона эҳтиром мекунем ва ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми бародари худ бирасем”,-қайд кард ӯ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, беҳбуди заминаи моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мавриди суҳбат қарор доданд.

Илова бар ин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо оид ба иқдомоти минбаъдаро низ баррасӣ намуданд. 

барчасп: