Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2021 дар водиҳо борон меборад ва он тадриҷан ба барфи тар табдил мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад барфи шадид меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шамоли пуршиддат то ба 15-20 м/с мевазад.

Дамои ҳаво рӯзона аз 10 то 12 дараҷа поин меравад. 17 ноябр дар вилояти Хатлон хокбориш дар назар дошта шудааст, ҳамчунин рӯзҳои 17-20 ҳавошиносон туманро пешгӯӣ мекунанд. 

Дар роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ тирагии ҳаво метавонад бинишро кунд кунад.   

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандони хоҳиш мекунад қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, бахусус ҳангоми истифода аз дастгоҳҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми истифодаи бухориҳо низ ба дудкаши онҳо диққат диҳанд, сари чанд вақт онро тоза кунанд, то ҳар гуна хасу хошок ё дуда монеъи берун рафтани дуд нашавад. Бахусус агар аз ангиштсанг истифода мекунанд, бояд ҳамеша роҳҳои берунрафти дудро дар печҳо назорат кунанд. 

Дар ин гуна рӯзҳо ва шабҳо ҳаргиз кӯдаконро беназорат нагузоред.

КҲФ ронандагонро аз ҳодисаҳои нохӯш огоҳ мекунад. Ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ронандагон бояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд. Агар дар туман ва торикӣ ҳаракат мекунанд, пас фосилаи байни мошинҳо бояд риоя шавад.

Роҳҳои кӯҳӣ дар рӯзҳои боронӣ пурхатаранд, эҳтимоли резиши санг низ зиёд аст. Аз ин рӯ бодиққат ронандагӣ кардан ин ба маънои ҳифзи ҷони худу ҳамроҳон аст. 

Сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳиро лозим меояд дар ин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор дар шикоргоҳҳо ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.   

Ҳангоми рух додани  ин ё он ҳодисаи фавқулода бо шумораи 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои  223 13 11, 93 880 28 19 хабар диҳед.

барчасп: