Роҳи Душанбе – Хуҷанд аз ду ҷониб баста аст. Корҳои рафъи паёмадҳои лағзиши тарма ба шиддат идома доранд (Видео)

Бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомадҳои лағзиши тарма, бо мақсади бе мамониат тоза кардани барфи фурӯрехта дар роҳҳо ва пошидани маводи зиддилағзиш мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон, хадамоти роҳи IRS ба хулоса омаданд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш аз соати 5 субҳи имрӯз ҳаракати мошинҳоро аз ду ҷониб дар шоҳроҳи Душанбе-Хучанд банданд.

Ин тасмим танҳо ба он хотир гирифта шудааст, ки амнияти мошинҳо ва ронандагону мусофирон таъмин гардад.

Дар мавриди дубора боз шудани роҳ ва ҳаракати мошинҳо хабари фаврӣ интишор медиҳем.

барчасп: