Ҳушдори Кумити ҳолатҳои фавқулодда аз барфи шадид ва лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон то 22-уми январ ҳаво боронӣ боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии кишвар барфи шадид меборад, шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад. Рӯзҳои 21 – 22 январ дар баъзе ҷойҳо туман дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои Тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб - Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши  санг боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби барфи зиёд ва боди сахт эҳтимоли канда шудани сими интиқоли барқ дар минтақаҳо вуҷуд дорад, дар кӯҳҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ҳолатҳое назири барфтӯда, яхбандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд, ки ин ҳаракати мошинҳоро ба ҳар самт душвор мекунад. 

Ҳамчунин аз барфи зиёд ва боди сахт шикастани шоху танаи дарахтон ва симчӯбҳои сустниҳоди рекломҳо имкон дорад, ки ин ҳама метавонад ба ҷони инсонҳо ва равуои мошинҳо хатар эҷод кунад.

КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд. Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкоргоҳ ва чоравочаронӣ низ бехатар нест. 

Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода кунед ва нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд. Бачаҳоро назорат кунед, беназоратии кӯдакон хатарҳое дар пай дорад.

Ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати  сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манифат аст.

Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу безнзин бо худ дошта бошед.

Фаромӯш накунед, ки ба доруқутии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед. 

Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд. 

Риояи фосила байни мошинҳо яки дигар аз тадбирҳои таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҲУШЁРУ ЗИРКАТ БОШЕД!!!

барчасп: