Тамошои дастаҷамъии филми “Нигоҳи ғизол”

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми “Нигоҳи ғизол”-и коргардони тоҷик Носир Раҳмонро тамошо карданд. Мусиқии ин филм аз ҷониби ҳунарманди маъруф Далер Назаров навишта шудааст.

Сужаи филм ривоят аз он дорад, ки чор марди силоҳдор ба қасди шикори  оҳувон ба парваришгоҳи ҳайвонҳои нодир сафар мекунанд. Аммо Суҳроб, ки посбони ин  мавзеъ мебошад, садди роҳи онҳо мегардад. Ҳамин тавр шахсони тамаъҷӯй, ки роҳбарашон  Мансури ланг аст, ба  Суҳроб даргир мешаванд. Аз як тараф сужаи филм бинандаро думболи худ бибарад ҳам, аз сӯйи дигар бошад, зебогии манзараҳои Қаратоғ, ки филм он ҷо наворбардорӣ шудааст, мафтун менамояд.

Дар филм Аҳмадҷон Қудбиддинзода, Фахриддин Саъдиев, Самоҷони Тағойзода ва Фирдавс Ҷалилов нақш офаридаанд.

барчасп: