Тағйири ҷаҳонии иқлим ба баландтарин қуллаи олам - Эверест низ таъсир кардааст

Сар аз соли 1960 иқлим дар навоҳии кӯҳҳои Эверест гармтар шуд, майдони пиряхҳо ба масоҳат кам шуд ва аз оби ин пиряхҳо дар ҳар ҷо-ҳар ҷои он кӯлҳо пайдо шуданд. Ҳоло донишмандон мегӯянд гармоиши умумиҷаҳонӣ ба ин қуллаи баландтарини рӯи Замин беасар намондааст.  Онҳо маълумоти дастрасшуда дар тӯли даврони омӯзишро ба ҳам меоранд, солҳоро қиёс мекунанд, тағйиротро таҳлил менамоянд. Кулли маълумоти ҷамъшуда аз соли 1960 то соли 2018-ро дар бар мегирад. 

Маълум шудааст, ки дар ин муддат дамои ҳаво дар ин минтақа 0,33 дараҷа  гармтар шудааст, аммо шумори боришот тақрибан дар як сатҳ боқӣ мондааст. 

Майдони пиряхҳо аз соли 1970 то кунун хеле коҳиш ёфтааст ва тибқи гузориши интишоршуда ин майдон ҳоло 6266 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бо ин донишмандон аз афзоиши кӯлҳои нав аз 106,11 километри мураббаъи соли 1990 то ба 133,36 километри мураббаъ дар соли 2018 хабар додаанд. Онҳо мегӯянд шумори ин кӯлҳо дар ин муддат 16,9% афзоиш ёфта, аз 1275 то 1490 адад расидааст.

Дурии Эверест ҳавои онро аз олудагиҳо пок нигоҳ доштааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар ин қитъаи Замин низ нишонаҳои харобӣ бар асари паҳн шудани карбони сиёҳ мушоҳида шудааст.

Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки ҳатто яке аз баландтарину дуртарин кӯҳи олам ҳам аз зарари расида бар асари гармшавии иқлим эмин нест.  

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷамолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд. Ин пиразан бузургсолтарин кӯҳнаварди олам аз миёни занон шинохта шуд.

Эверест баландтарин кӯҳ ва баландтарин  нуқтаи кураи Замин аст. Иртиқои қуллаи он аз сатҳи баҳр баробар ба 8848,86 метр мебошад. 

барчасп: