Баргузории машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ дар Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  машқҳои фармондеҳии ситодӣ дар мавзӯи «Ташкили иҷрои чорабиниҳо ҳангоми таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, огоҳонидани мудофиаи гражданӣ дар шаҳрҳо ва районхои вилоят» баргузор шуд.

Дар рафти машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ омодагии кормандони раёсат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қувваҳо ва воситаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳандозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд азҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ санҷида шуд.

Машқ дар се марҳила сурат гирифт. Марҳилаи аввал аз таҳияи масъалаҳои огоҳсозии аҳолӣ, ба реҷаи «ОМОДАГИИ БАЛАНД» ва «ВАЪИЯТИ ФАВКУЛОДА» овардани мақомот, қувва ва воситаҳои шаҳру навоҳии вилоят, баргузории ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, арзёбии ҳолати фавқулодда иборат буд.

Марҳилаи дуюм – таҳияи чораҳои амалии гузаронидани корҳои садамавӣ-наҷот ва кумак ба аҳолӣ барои идомаи будубош дар минтақаҳои зарардида.

Марҳилаи сеюм таҳияи масъалаҳои огоҳсозии мудофиаи гражданӣ дар минтақа, ҳалли назариявӣ ва амалии пешниҳодҳоро бо ҷалби хадамоти наҷотдиҳӣ пешбинӣ мекунад.