Тамринҳои ғайринақшавӣ дар қаламрави пойтахт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, киштзорҳои кишоварзӣ аз обхезии баҳорӣ, омадани сел ва ярч корҳои тоза кардани маҷрои рӯдхонаҳо, обанборҳо, каналҳо ва сойҳоро шуруъ кардаанд. Барои анҷоми ин корҳо техника ва аҳолии маҳалҳо ҷалб шудаанд.

Чунончӣ, кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Муассисаи давлатии «Раёсати мелиоратсия», Раёсати хоҷагии роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, инчунин  аҳолии маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки дар як минтақаи осебпазир аз офатҳои табиӣ ҷойгир аст, тамринҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданиро анҷом доданд.

Обхезиҳои баҳорӣ метавонанд боиси боло рафтани сатҳи об дар махзанҳои об шаванд ва селҳо сабабгори зери об мондани ҳавлиҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии одамон шаванд. Зарур аст роҳи сел аз ҳар гуна партобу сангрезаву хасу хошок пок карда шавад, то об ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва сабаби нохӯшиҳо нагардад.

Корҳо дар ин самт ба шиддати бештар идома доранд.

Ғайр аз ин кормандони КҲФ бо истифода аз фурсат бо аҳолӣ дар мавриди хатари сел ва роҳҳои пешгирӣ аз он суҳбатҳо гузарониданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳар инсон метавонад дар пешгирӣ аз хатари ногаҳонӣ саҳм бигирад ва як роҳи аслии он илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъи он аст. Яъне, қабл аз сел тоза намудани ҷӯйдорҳо ва селроҳаҳо хатарҳои эҳтимолиро коҳиш медиҳад.

барчасп: