Сарбозони хидматкарда ҷавоб мешаванд, наваскарон ба ҷойи онҳо меоянд

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар кисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозоне, ки  хизмати дусоларо ба анҷом расондаанд, маросимҳои гусел баргузор мекунанд.

Аллакай дар ду қисми низомии идораи наҷоти кишвар сафороии ҳарбӣ баргузор шуд ва дар он сипосномаи роҳбарияти Кумита барои хидмати софдилонаву бенуқси сарбозон қироат шуд. Ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳарбӣ, медалҳо, сипосномаву ифтихорномаҳо супурда шуданд, барои баъзе аз онҳо рутбаҳои наву навбатии ҳарбӣ низ эъто шуданд.

Дар маросими расмӣ фармондеҳони қисмҳои низомӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки сарбозоне, ки дар давраи хизмати ҳарбӣ ӯҳдадориҳои худро софдилона ба ҷо овардаанд, сазовори ҳар гуна ситоишанд. "Шумо вазифаи ҳарбии худро бо садоқат ва шараф ба ҷо овардед. Барои намунавӣ иҷро кардани вазифаи ҳарбӣ ба шумо миннатдории худро баён мекунем", - гуфтанд онҳо.

барчасп: