Тамрини “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” дар шаҳри Турсунзода

6 апрели соли 2022 дар муассисаи таълимии рақами 12 шаҳри Турсунзода тамрини намоишии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” баргузор шуд.

Дар тамринии намоишӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бобоҷонзода М.М., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Л.Раҷабова, хадамоти тиббӣ, 820 нафар хонандагон, 60 нафар омӯзгорон, 50 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ, 41 нафар ҷонишинони директор, 30 нафар муаллимони таълими ҳарбии дигар муассисаҳои шаҳр, инчунин 12 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, дар маҷмуъ 1013 нафар  иштирок намуданд.

 Мақсади асосии баргузории чорабинӣ шиносоӣ ва ташаккули малакаҳои рафтории донишҷӯён дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Дар ин рӯз тибқи мавзӯи омӯзиш – «Амали қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ (зилзила 6-7 балл)» чорабинӣ доир шуд.

Ҳамчунин дарси тарбиявӣ баргузор шуд ва хоннадагон сужаҳо дар бораи қоидаҳои рафтор ҳангоми заминларзаҳо, обхезиҳо, селҳо, лағзиши тармаву ярчро тамошо карданд.

Ҳамчунин ба хонандагон дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳоли ба вуқуъ омадани ҳодисаҳои фавқулода нақл карданд.

Дар доираи ҳамин чорабинӣ миёни хонандагони синфҳои поёнӣ озмуни наққошиҳои бачагона ва викторинаҳо низ гузаронида шуданд.

Марҳилаи дигари Рӯзи мудофиаи гражданӣ тамрини умумимактабии интиқоли хонандагон ва омӯзгорон ба маконҳои амн ҳангоми заминларза буд.

Бо садо додани бонги хатари “Диққат, диққат!” донишомӯзон ва ҳамаи коллективи муассисаи таълимӣ муташаккилона бинои мактабро тарк намуданд.

Дар ин бахш хуруҷ аз дарҳои эҳтиётӣ, зинаҳо ва ҳамоҳангии амали муаллимону хонандагон тамрин шуд. 

барчасп: