Наҷоти писарбачаи 7-сола аз шохи баланди дарахт, рафъи паёмадҳои сел дар Ваҳдат ва партоби мушакҳои зидди жола ба фазои ноҳияи Балхӣ

Шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон писарбачаеро наҷот доданд, паёмадҳои сел дар роҳи Ваҳдат – Рашт – Лахшро бартараф намуданд ва дар баъзе минтақаҳо аз бориши жола пешгирӣ намуданд.

Чунончӣ, 20-уми моҳи апрели соли равон ба қисми навбатдории КҲФ аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар доданд, ки дар кӯчаи Шевченко 123 як писарбача миёни ду шохаи дарахт дармондааст.

Ба ҷойи ҳодиса фавран имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Наҷотдиҳандагон барои наҷоти ин писарак аз нардбони махсус истифода карданд ва то ҷойе боло шуданд, ки ин писар дармонда буд. 

Маълум шуд, ки писарбачаи 7-сола ба хотири ҷамъоварӣ ва ё хӯрдати тутҳои пухта аз шох ба шохе боло шуда ва дар фарҷом роҳи бозгашт ба заминро наёфта, миёни ду шохи дарахти тут дармондааст. 

Писаракро беозор аз дарахт поин оварданд, барояш ёрии аввалии тиббӣ низ расонда шуд.  

21 апрели соли равон, соати 06:30 дақиқаи субҳ аз баста шудани роҳи мошингарди Ваҳдат – Рашт – Лахш дар минтақаи Ҳамаланго хабар расид. Боронҳои пуршиддати шаби гузашта  сабаби омадани як сели азим дар ин минтақа шуданд. Бино ба гузориши расида сел километрҳои 94 – 96 роҳро аз сангу шағал ва лойқа пур кард ва ҳаракати мошинҳоро номумкин намуд.

Барои бартараф намудани паёмади ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ва имдодгарони КҲФ ҷалб шуданд. Соати 07:30 дақиқа роҳ пурра аз селовардҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт ба ду самт таъмин гардид.

Бо  мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз жола Хадамоти жолаи КҲФ шаби гузашта бо партоби мушакҳои зидии жола ба абрҳои фазои ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ хатари резиши жоларо бартараф намуд.

барчасп: