Ёриҳои амаливу методӣ ба кормандони бонк дар Бохтар

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон барои соли 2022 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузориҳо, сатҳи омодагии кормандони шуъбаи байниминтақавии Бонки имиллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар масъалаҳои мудофиаи гражданиро санҷиданд.

Ҳамзамон мутахассисони Раёсат кормандони бахши бонкро омӯзиш доданд ва ёриҳои аввалия расониданд.

Дар ин дар омӯзиш 20 нафар кормандони шуъбаи байниминтақавии Бонки имиллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ширкат намуданд.

Мақсад аз баргузории санҷишу омӯзиш дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатгузорӣ, омӯзонидани мудофиаи гражданӣ, гузаронидани машқҳо, тартиб додани тарҳи чорабиниҳо ба хотири омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолии табиӣ ва техногенӣ ва расонидани ёрии амалӣ ва методӣ буд.

Инчунин, дар рафти омӯзиш ба кормандони бонк ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши марбут ба ғарқшавӣ, оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми будубош дар обанборҳо, шиноварӣ дар рӯзҳои истироҳат маълумот додаанд.

барчасп: