КҲФ: Хатари омадани селҳо то охири ҳафта боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо дар маҳалҳо то охири ҳафта  боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳо дар кӯҳҳо даст кашанд.

Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон дар ин чунин рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтани ба ҷамъоварии гиёҳони дорувору ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ,  моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ ёдовар мешавад, ки ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок кунанд, то об маҷрои худро дигар накунад ва вориди ҳавлиҳо нашавад.

барчасп: