Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт, Зафаробод, ҳамчунин шаҳри Спитамени вилоят тамрини мудофиаи гражданӣ баргузор карданд.

Ҳадафи аслии ин чорабинӣ санҷиши амалии қобилиятҳои ширкаткунандагон – хонандагон ва омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои ҳимояи худ ва саломатии хеш дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад. 

Дар доираи ин чорабиниҳо дарсҳои бехатарӣ бо хонандагон дар коркарди амалии тахлия дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ низ баргузор гашт.  

Ғайр аз ин наҷотдиҳандагон баъзе роҳҳова шеваҳои наҷоти зарадидагон ва ёриҳои аввалияи тиббиро низ бо ханандагону омӯзгорон тамрин карданд.

барчасп: