МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 3

Қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳои сунъӣ

  • Агар шумо дар ҳавлӣ ё бӯстсарои худ ин гуна ҳавзҳо дошта бошед, пас боз ҳам талош кунед дар онҳо кӯдакони синни томактабиро тани танҳо нагузоред. Ҳатто онҳоро дар ташти пуроби хурдакак ҳам беназорат нагузоред. Кӯдак метавонад рӯ ба об уфтад ва ғарқ шавад. Дастони вай ҳоло қуввати бардошти тана ва ҷисми ӯро надоранд, аз ин рӯ, талош ҳам кунад, барояш мушкил аст бархезад.
  • То ҳадди имкон рафтани кӯдакони синни хурдро ба ҳавзҳои резинӣ маҳдуд кунед, нагузоред, ки худсарона вориди онҳо шаванд. Барои ин нардбонашро бигиред, монеъаҳо созед, дар назди ин гуна ҳавзҳо курсӣ ҳам нагузоред, то бехабар аз шумо кӯдакон аз онҳо истифода кунанд.

 

Қоидаҳои умумӣ барои волидон ҳангоми оббозӣ бо тифлон

  • Дар ҳавои номусоид ҳаргиз оббозӣ накунед.
  • Ба фарзандонатон ҳамеша қоидаҳои рафтор дар обро фаҳмонед ва худатон дар риояи ин қоидаҳо намуна бошед. 
  • Агар Шумо шароб нӯшидаеду сархӯш ҳастед, ҳаргиз фарзандонатонро барои оббозӣ соҳили обҳо набаред. Зеро шумо дер ё зуд онҳоро фаромӯш мекунед, назоратро аз даст медиҳед ва ин метавонад боиси ҳодисаи нохӯше шавад, ки умре виҷдони шуморо азоб диҳад;
  • Оббозии кӯдаконро назорат кунед.
  • Агар мебинед ва ҳисс мекунед, ки кӯдаки шумо дар оббозиву ғаввосӣ маҳорат дорад, бо вуҷуди ин ба вай иҷозат надиҳед, ки ба ҷойҳое равад, ки умқи он то ба 2,5 метр ё бештар аз он мерасад.  
  • Ба тифлони синни то мактабӣ иҷозат надиҳед, ки ба танҳоӣ шиноварӣ кунанд, ҳамеша дар масофаи то як метр дур аз онҳо бошед ва ҳатто агар вай хуб шиноварӣ мекунад, вале аз дасташ доред.
  • Албатта, талош кунед дар ҷойе бо тифлонатон оббозӣ кунед, ки мураббиёну ғаввосон ва имдодгарон бошанд, вале ҳамеша ба онҳо такя накунед. Ҳолате ҳам пеш меоянд, ки наҷотбахшон саргарми наҷоти ғарқшудагонанду ба имдоди шумо намерасанд.
  • Таваҷҷуҳ кунед, ки хати ҳаракати бачаҳои шиновар бо хати калонсолон ба ҳам наояд. Яъне, тифлон набояд дар ҳавзае оббозӣ кунанд, ки он ҷо бузургсолон шиноварӣ мекунанд, ин метавонад боиси ҷароҳат бардоштани атфол шавад.
  • Бо фарзандони хурдсолатон дар ҷойе, ки мамнӯъ аст, оббозӣ накунед.
  • Ба фарзандонатон бигӯед, ки ҳаргиз аз болои сахраеву харсанге ва ё баландие худро ба об ҳаво надиҳанд. Бахусус, дар маконҳое, ки барояшон ношинос аст ва намедонанд, ки умқи он чӣ қадар аст ва зери об сари шумо ба чӣ бармехӯрад. 
  • Ҳар ҷо бошед, аз фарзанди хурдсоли худ чашм наканед, ҳамеша ҳаракатҳои ӯро назорат кунед.
  • Барои бачаҳое, ки шиноварӣ наметавонанд ва ё хеле бад шино мекунанд, воситаҳои махсуси бехатарӣ, аз ҷумла камзӯлҳои амниятӣ истифода кунед. Ба онҳо фаҳмонед, ки шумо чаро ин корро мекунед.
  • Ба фарзандонатон фаҳмонед, ки ҳамеша баъди оббозӣ дар оби шӯр бояд ҳатман бадани худро бо оби ширин бишӯянд.

 

АММО БАРОИ БАЧАҲОИ КАЛОНСОЛТАР ҚОИДАҲО БОЗ ДИГАРАНД. Онҳо шояд бештари он чӣ то кунун гуфта шуд, медонанд, таҷрибаи оббозии бештар доранд. Вале боз ҳам қоидаҳое ҳастанд, ки бояд донанд. Масалан ҳолатҳои рагкашӣ, хунук хӯрдан ва бар асари он карахт шудани дасту пой ва ғайраро.

Мо дар мавриди рагкашӣ ва сабабҳои он муфассалтар гуфтем. Аммо Шумо ин ҳамаро ба фарзандони хурдсол ва навраси худ бори дигар фаҳмонед. Онҳо бояд аз забони Шумо фаҳманд ва донанд, ки  дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кунанд. Чӣ бояд кунанд, агар шарики оббозиашон ва каси дигаре дар наздикиҳои онҳо ба ин ҳол гирифтор шуд. 

ВА ХУРДСОЛОН ҲАМ БОЯД ДОНАНД:

  • Набояд дар об ба умқ рафт.
  • Набояд бе ҳузури калонсолон вориди об шуд. Ҳатман бояд волидон ё баробарони калонсол ҳамроҳашон бошанд. 
  • Бояд донанд, ки танҳо дар ҷойе метавонанд ба об ғӯта зананд, ки калонсолон онҳоро ҳидоят мекунанд ва умқи об ба ҳамон ҳаддест, ки лозим асту бехатар.
  • Набояд муддати дурудароз дар дохили об буд, метавонед сармо хӯред ва бемор шавед.
  • Ба фарзандонатон бигӯед, ки ҳаргиз дар ҷойҳое, ки хавфи эҳтимолияти афтидан ба об зиёд аст, бозӣ накунанд.
  • Ба бачаҳо фаҳмонед, ки агар онҳо бо кӯдакони дигар бозӣ мекунанд, набояд онҳоро ба об тела диҳанд ва ё зери об нигоҳ доранд. Ба онҳо бигӯед, ки дар ин гуна ҳолатҳо рафиқонашон метавонанд нафасгир шаванд ва ин хеле хатарнок аст.
  • Ба фарзандонатон бигӯед, ки вақте ҳаво номусоид аст, сард аст ё борону барф меборад ва ё шамол мевазад, оббозӣ қатъиян манъ аст.
  • Ба писарону духтарони хурдсолатон фаҳмонед, ки ба муқобили ҷараёни тези об шино накунанд, ба самти ҷараёни об шино карда  оҳиста-оҳиста ба соҳил наздик шаванд.