Ҳалокати пирамарди 74-сола дар як садамаи мошин дар роҳи Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ

9 декабри соли 2022 тахминан соати 08:30 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар расид.

Гуфта мешуд, ки дар километри 41-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Масчоҳи Кӯҳӣ мошини сабукрави тамғаи «Musso», ки аз ҷониби  як сокини 41-солаи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба самти ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ бо сабабҳои номаълум ба ҷарии умқаш 50 метр фурӯ рафтааст.

Дар натиҷа мусофири 74-солаи мошин бар асари ҷароҳати расида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронанда ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд. 

Дар иртибот ба ин ҳодисаи нохӯш КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад ва ёдовар мешавад, ки ба хотири таъмини амнияти худ ва ҳамроҳонашон қидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Боло бурдани суръати ҳаракати мошин ҳамеша фоҷеаҳоеро ба дунбол дорад.

 

ҶОНИ ХУД ВА ҲАМСАФАРОНИ ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!!! 

барчасп: