Заминларзаи Туркия ва Сурия. Шумори қурбониён аз 20 ҳазор нафар гузашт. Аввалин кумакҳои башарии СММ ба зилзилазадгони Сурия расид

Шумори умумии ҳалокшудагон дар заминларзаҳои Туркия ва Сурия аз 20 ҳазор нафар гузашт. Ҳазорон хонаҳои истиқоматӣ сарозер шудаву садҳо ҳазор нафар бе хонаву ҷо мондаанд. Амалиётҳои наҷот бо кумаки имдодгарони ватаниву хориҷӣ ба шиддат идома дорад, вале умедҳо барои зиндамондагон дар зери вайронаҳо хеле кам аст. Бо гузашти рӯзҳо пайвандони афроди зери биноҳо монда бештар ноумед мешаванд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия бегоҳии рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки дар ин заминларзаи мудҳиш 17 ҳазору 134 нафар шаҳрвандони ин кишвар ҷон бохтаанд, дар Сурия бошад шумори фавтидагон 3 ҳазору 162 нафар эълон шуд. 

Ҳамоно бисёриҳо зери ғарами хоку бетонпораҳо мондаанд ва наҷотдиҳандагон якояк мурдаҳоро аз зери вайронаҳо берун меоранд. 

Дар ҳамин ҳол аз норозигии оммавӣ дар Туркия барои кундии раванди ҷустуҷӯ ва корҳои наҷот афзоиш меёбад. Ба баъзи сокинони навоҳии харобшуда лозим меояд, ки рӯзи дароз интизори кумак бимонанд.  

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки созмонҳое, ки кумакҳои башардӯстона ироа мекунанд, ба мушкилоти хос рӯбарӯянд. Ҳазорон нафар талош доранд дар ин сардии ҳаво зери чатри осмон бидуни сарпаноҳ зинда бимонанд.

Вазъи таъмин бо ғизо, оби тозаи ошомиданӣ, гармӣ, қувваи барқ ва алоқа нигаронкунанда аст.

Дар баъзе манотиқ рӯзи гузашта таконҳои дигар эҳсос шуданд ва ин хатари аз ларзиши тоза ба замин ҳамвор шудани деворҳои нимавайрони биноҳоро зиёд кард.

Ҳоло мардум бештар аз ҳукумати ва бинокорон домангиранд, ки вақти бунёди хонаҳо меъёрҳои зарурӣ риоя нашуда ва дар минтақаи зилзилахез ҷойгир шудани маҳал аз ҷониби бинокорон ба инобат гирифта нашудааст.

Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон иқрор шуд, ки ҳукумат сари вақт натавонист ба заминларза омода бошад ва натавонист фавран вокуниш нишон диҳад. 

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки нахустин  корвони муташаккил аз 6 мошин кумакҳо аз гузаргоҳи марзии Туркия вориди минтақаи таҳти назорати мухолифони давлати Башор Асад дар Сурия шуд. Ин бахше аз кумакҳои башардӯстони Созмони Милали Муттаҳид ба осебдидагони заминларзаи Сурия мебошад ва тавре гуфта мешавад, бахши дигари ёриҳои башарӣ ба зудӣ хоҳанд расид.

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: