Зарари оби канал ба манзили истиқоматии сокинони Душанбе

zarari-obi-kanal

12-уми марти соли равон, соати 13:20 дақиқа оби канал дар мавзеъи маҳаллаи Соҳибкорон – 2-и ноҳияи Шоҳмансур аз маҷрои худ берун шуд ва ба манзилҳои истиқоматии сокинон ворид гашт.  Маълум шуд, ки бинобар сабаби боридани борони зиёд ва пур будани канали обгузари полезӣ бо хасу хошок, буттаҳои хори марминҷон, дарахтони худрўй ва партобҳои сокинон, оби канали мазкур самти ҷараёнашро дигар намуда, аз зери таҳкурсии девори хонаи №58 ба саҳни ҳавлии хонаҳои, №72,73,74,77,93,91,111, ворид гардид.

Инчунин оби канали мазкур ба 3 ҳуҷраи манзили истиқоматии № 58 ва таҳҳонаҳои манзили истиқоматии № 91 ва №93 ворид шуд.

Бо андешидани чораҳои фаврӣ ва ҷалби техникаи махсуси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур канал аз хасу хасрӯбаҳо ва партобҳо тоза карда шуд ва об ба маҷрои худ равон гардид. 

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе бо истифода аз дастгоҳҳои обкаш оби воридшуда та таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии №91 ва №93 ва саҳни ҳавлин манзили истиқоматии №73-ро бурун кашида, хатари эҳтимоли ба биноҳоро рафъ карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ борҳо ба таъкид аз сокинони кишвар хоҳиш кард, ки сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна партобҳо, хасрӯбаҳо ва сангу регу шағал тоза кунанд, чун аввали баҳор фасли маъмулан сербориш меояд ва сари вақт тоза кардани ҷӯву каналҳо гарави аслии таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандон аст. Мутаассифона, на ҳама ин корро мекунанд ва як сабаби аслии ба хонаҳои мардум даромадани сел ҳамин гуна беэътиноиҳост.

барчасп: