КҲФ: Аксари ҳодисаҳои нохуш дар обҳо бар асари надонистани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд

5 – уми августи соли 2025, тақрибан  соати 18:00  дақиқа як писарбачаи 11-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Вахшруди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён ҳангоми оббозӣ дар канали “ПИКТ-25”-и Вахш аз беназоратии волидайн ғарқ шудааст.

 6 августи соли 2025,  наҷотдиҳандагони  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то соати 17:50 дақиқа ҷасадро ҷустуҷӯ карданд, аммо он пайдо нашуд.

Корҳои ҷустуҷӯи субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд. 

       Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, 22 – уми июни соли 2025, соати 16:00 дақиқа шаҳрванд Камолов Бахтиёр Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ 5/4 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён ғарқ шуда буд.

Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд ҷасади номбурда 5-уми августи соли равон, тақрибан соати 22:10 дақиқа аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти  Хатлон, дар ҳудуди деҳаи Палвонтуғайи ҷамоати деҳоти Н. Хусрави ноҳияи Қубодиён аз соҳили дарёи Вахш пайдо ва ба мақомотҳои дахлдор супурда шуд.

Сабаби ин фоҷиа таҳқиқ мешавад. 

 

Ҳамчунин 31 – уми июли соли 2025, тақрибан  соати 17:30  дақиқа 2 нафар истиқоматкунандагони деҳаи Л. Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буданд.

Баъди роҳандозии корҳои кофтукобӣ, 6-уми августи соли 2025, тақрибан соати 09:10 дақиқа ҷасади шаҳрванд Олимзода Шаҳром соли таваллудаш 2002, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон,  30 километр дуртар аз ҷои ҳодиса, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз соҳили дарёи Вахш пайдо ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд.

Ҷустуҷӯи ҷасади Саидмуродов Саидикром идома дорад. 

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки аксари ҳодисаҳои ғарқшавӣ, ки бар асари он шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд, дар натиҷаи надонистани қоидаҳои оббозиву шиноварӣ рух медиҳанд.

Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо эҳтиёт кунанд. Дур шино кардан аз соҳил, сархуш аз шароб вориди об шудан, беназоратии волидайн ва бехабарии онҳо аз ҳоли фарзандони ноболиғашон ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ сабаби аслии фоҷиа мебошад.

барчасп: