Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 31-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 август), миёни ҳайати шахсии Кумита мусобиқаи варзишӣ ташкил карда шуд.
Мусобиқаи мазкур аз намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла давидан ба масофаи муайян, гурзбардорӣ ва дигар намудҳои варзишӣ иборат буд.
Ёдовар мешавем, ки чунин мусобиқаҳо дар сохтор ва зерсохторҳои Кумита ба муносибати ин ҷашни таърихӣ ҷараён доранд. Ғолибони мусобиқаи варзишӣ дар ҷамъбаст бо ифтихорнома, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои махсус сарфароз карда мешаванд.