Хабари фаврӣ

Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар вохӯрии кории роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо мақсади иштирок дар вохӯрии кории роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, санаи 6 августи соли 2025 ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.

Санаи 7 августи соли 2025 миёни роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои судманд ва масъалаҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда дар минтақа муҳокима шуданд.

барчасп: