Наҷоти ду ғарқшуда дар рӯди Сир

20-уми августи солаи арвон, соати 15:20 дақиқа шаҳрванд Баёнов Хушқадам Абдухалилович, соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандагони деҳаи Хоҷаҳо, ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи ноҳияи Деваштич ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сир ғарқ шудааст.

Имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расида, ӯро саломат наҷод доданд.

Номбурда 20-сола буда, сабаби ба ин ҳодиса дучор шуданаш надонистани қоидаҳои шиноварӣ будааст.

Инчунин худи ҳамин рӯз соати 17:15 дақиқа шаҳрванд Холназаров Фахриддин Акмалович, соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи деҳаи Навкент, ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Ӯро низ имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо як амали фаврӣ аз марг наҷот доданд.

Кормандони Раёсат бо ин афрод ва шахсони дигари дар соҳили Сир буда як сислсила корҳои таблиғотӣ гузаронданд ва онҳоро бештар бо қоидаҳои оббозиву шиноварӣ, оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва ғайра шинос карданд.