20-уми августи соли 2025, соати 23:20 дақиқа дар километри 58,2-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави тамғаи “AION”, ки аз ҷониби як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, аз сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадан ба дарёи Душанбе сарозер шуд.
Баъди дарёфти хабар имдодагарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита фавран соати 23:57 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Онҳо ронанда ва як нафар аз ҳамсафарони ӯ, сокини 20-солаи ноҳияи Восеъро наҷот доданд.
Як нафари дигар аз ҷумлаи мусофирони мошин, марди ба тахмин 55-сола дар об ғарқ шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда идома дорад.