Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6-уми соли 2025, соати 08:46 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 213 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 14 километр ғарби ноҳияи Лахш буда, қувваи заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар ноҳияи Лахш 2-баллро ташкил додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки ин заминҷунбӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳои дигар надошт.