Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизони Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ китобҳои гуногун тақдим карда шуд.
Ёдовар мегардем, ки китобхонаи ин қисми ҳарбӣ мутобиқ ба талаботи зарурӣ амал карда, ҳамарӯза афсарону сарбозон дар ин макони илму дониш машғули китобхонӣ мегарданд.
Воқеан ҳам иқдоми мазкур қобили дастгирӣ буда, дар дигар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ идома дода мешавад, зеро ҳадафи ниҳоӣ дар ин самт ин бозҳам баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии ҳайати шахсӣ мебошад.