Имрӯз, 16 октябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми минтақавӣ – Машварати роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ (CESDRR), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Созмони ҳамкории байналмилалии олмонӣ (GIZ) ва Идораи СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) баргузор мегардад.
Дар доираи барномаи форум, ҳайатҳои кишварҳои иштирокчӣ имрӯз аз боғи ангури шаҳри Турсунзода дидан намуданд. Шиносоӣ бо таҷрибаи маҳаллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот яке аз қисматҳои ҷолиби барномаи фарҳангии ин чорабинӣ маҳсуб меёбад.
Қобили қайд аст, ки форуми мазкур то санаи 17 октябри соли 2025 идома ёфта, дар ҳошияи он як қатор вохӯриҳо дар назар аст.
Ин форум минбарест барои мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо миёни мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақа бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва кам намудани оқибатҳои онҳо.


