Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз сабти ду заминларза дар таърихи 17-уми октябри соли равон дар қаламрави кишвар хабар дод. Бино ба гузориши ин манбаъ рӯзи 17-уми октябри соли 2025, соати 17:15 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази зилзила 400 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 115 километр шарқи ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон буд
Қувваи заминларза дар марказаш 6 балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 балл ва дар ноҳияи Ишкошим 3-4 балро ташкил додааст.
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон инчунин иттилоъ дод, ки худи ҳамон рӯз соати 22:34 дақиқа ба вақти маҳаллӣ бори дигар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Ин бор маркази он 6 километр ҷануби шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Душанбе буд.
Қувваи заминларза дар марказаш 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил додааст.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ин ду заминҷунбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ё хисорати дигар надошт.