Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба рафтори дуруст ҳангоми сар задани заминларза гузаронида шуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиш додани хатару оқибатҳои заминларза тарҳрезӣ гардида, он бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методӣ ва кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Ташкилоти фонди Оғохон дар Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Зимни вохӯриҳо мутахассисони Кумита ба сокинон дар бораи хусусиятҳои заминларза, қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми ларзиши замин ва тадбирҳои эҳтиётӣ қабл аз заминларза ва баъд аз рух додани он маълумот доданд.
Ба иштирокчиён инчунин тарзи дурусти тарк кардани бино, интихоби ҷойҳои амн ва расонидани ёрии аввалин ба осебдидагон фаҳмонда шуд.
Кормандони Кумита таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои оддии бехатарӣ метавонад ҳаёт ва саломатии инсонро ҳифз намояд.
Қобили зикр аст, ки ин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома ёфта, ҳадафи асосии онҳо боло бурдани сатҳи донишу огоҳии аҳолӣ дар самти амалҳои дуруст ҳангоми офатҳои табиӣ мебошад.
Асосан иштирокчиёни ин чорабинӣ кӯдакону наврасон ва сокинони биноҳои баландошёна буда, миёни онҳо саволу ҷавоб ташкил карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ тариқи автомашинаи таблиғотӣ ролик дар мавзуи ,,Дар вақти заминларза чӣ бояд кард?" ба намоиш дода шуд, ки ба ҳозирин хеле писанд омад.
Дар интиҳо ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.