КҲФ: Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар н.Синои ш.Душанбе

21 октябри соли равон (рӯзи дуюми чорабинӣ) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии фаҳмондадиҳӣ доир гардид, ки он дар доираи иҷрои нақшаи корҳои фаҳмондадиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Чорабинии фаҳмондадиҳии мазкур оид ба қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми ба вуқуъ омадани заминларза маҳсуб меёфт. Он бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита ва бо дастгирии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ҳамкории Ташкилоти Фонди Оғохон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, кормандони Кумита ба аҳолӣ маълумоти муфассал дар бораи хусусиятҳои заминларза, роҳҳои ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ ҳангоми ларзиши замин ва инчунин амалҳои дуруст баъди рух додани заминларза пешниҳод намуданд.

Бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳолӣ, дар ҷараёни чорабинӣ тавассути воситаҳои таблиғотӣ варақаҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Дар вақти заминларза чӣ бояд кард?» тақсим гардиданд ва тариқи автомашинаи таблиғотӣ филм пахш шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо шавқу завқ қабул гардида, тамошо карданд.

Чорабинӣ миёни кӯдакону наврасон ва сокинони биноҳои баландошёна баргузор шуда, дар қисмати саволу ҷавоб иштирокчиён донишу малакаи худро санҷиданд.

Кормандони Кумита таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми офатҳои табиӣ аз омилҳои асосии коҳиш додани хатару талафоти инсонӣ ба шумор меравад.

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

барчасп: