Санаи 23-24-уми октябри соли 2025 дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Ҳисор машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин машғулиятҳо баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва донишу малакаи амалии кормандони тиб дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳои техногенӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ мебошад.
Зимни машғулиятҳо иштирокчиён оид ба тартиби эвакуатсия, хизматрасонии аввалияи тиббӣ, ҳифзи аҳолӣ ва истифодаи таҷҳизоти муҳофизатӣ омӯзонида шуданд. Машғулиятҳо бо усулҳои назариявӣ ва амалӣ бо иштироки кормандони маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Хокирозода Ш. майор Холов Ҷ. сурат гирифта, сатҳи баланди омодагии иштирокчиён қайд гардид. Дар чорабини мазкур сардори бахши Кумита дар шаҳри Ҳисор полковник Назарзода Ф. бо ҳайати шахсии бахш иштирок намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар таҳкими низоми мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи беҳтари аҳолӣ муҳим арзёбӣ карданд.


