Ҳалокати як писарбачаи ҳафтсола бар асари беназоратии волидон дар Ёвон

24 – уми октябри соли 2025, тахминан соати 11:50 дақиқа як писарбачаи 7-сола аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон аз беназорати волидонаш дар канали Магистралӣ афтода ғарқ шуд.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот рӯзи 26-уми октябр ҷасади ин ноболиғ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падарону модарон бо эҳтиром хоҳиш мекунад фарзандони хурдсоли худро беназорат нагузоранд.

Беназоратӣ бахусус дар соҳили обҳо боиси ин гуна ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад.

 

барчасп: