Наҷотдиҳандагон дари хонаеро боз карданд, ки дар дохили он як ноболиғ танҳо буд

27-октябри  соли 2025,  соати  23:51  дақиқа як сокини кӯчаи Сӯҳроб Шарифови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш аз дохил баста шудааст ва наметавонад ворид шавад. Вай ҳамчунин гуфт, дар дохили хона хоҳари ноболиғаш танҳост.

Бо дарёфти хабари мазкур  соати 23:54  дақиқа гурӯҳи 2-юми  Дастаи махсуси зудамали наҷотиРаёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 3-нафар фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар  шуд.

Онҳо бо истифода аз дастгоҳҳои махсус дари хонаро боз карданд ва соати 00:25  дақиқа бо соҳиби хона вориди манзил шуданд. 

Духтарчаи 11-солаи танҳо сиҳату саломат буд. 

Кормандони наҷот бо соҳиби хона ҳамсуҳбат шуданд ва ӯро аз пайомадҳои эҳтимолии нохуши дар хона танҳо мондани ноболиғон огоҳ карданд.  

 

барчасп: