КҲФ:Дар садамаи нақлиётӣ наҷотдиҳандагон ду нафарро аз об зинда бароварданд

28 – уми октябри  соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи сабукрави тамғаи “Пикап фотон” рақами қайди давлатиаш 1656UU01 tj, ки ба шаҳрванд Нуруллои Маҳмасаид, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳофиз қишлоқ тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дучори садама шуд.

Бино ба гузоришҳо сабаби ин сонеҳа аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. Дар натиҷа ин мошин ба ҷарии умқаш то 250-300 метр сарозер шудааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми садама дар мошин ғайр аз ронанда як нафари дигар бо исми Шодибек Солеҳов, соли таваллудаш 2003, ки ӯ низ сокини шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳофизқишлоқ мебошад, менишаст.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз поён ин ду нафарро боло оварданд ва ба беморхонаи ноҳияи Варзоб интиқол доданд.

Бино ба гузориш дар роҳи интиқол ба бемористон ронанда, ки ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд, фавтид. Аммо ҳамсафари ӯ бо ҷароҳатҳои сабуктар дар беморхона бистарист.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кунанд ва ҳаргиз суръати ҳаракати мошинро боло набаранд.

ОҲИСТА РАВЕД, ҲАМЕША РАВЕД!

 

 

барчасп: