Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси Нақшаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷиҳати семинари омӯзишӣ оид ба муаррифии Барномаи “Омода намудан ва омӯзонидани донишҷуёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда”, “Барномаи тайёр намудани аҳолии машғули кор набуда оид ба амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда” ва Дастурамали таълимӣ (Маслиҳатҳои амалӣ) “Амали кормандон ва кудакони муасисаҳои томактабӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда” машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машғулият мутахассисони курсҳои байниноҳиявӣ, сармутахассисон ва мутахассисони шуъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Бустон, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Истиқлол, Исфара, Деваштич, Куҳистони Мастчоҳ ҷалб гардида, машғулиятҳо аз тарафи масъулини Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита ташкил ва гузаронида шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ шунавандагон бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.


