Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар КҲФ
Чоп шуд: 20/03/2024 | redaktorИмрӯз, 20 март дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумита ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд.
Барномаи ҷашнӣ як хатсайри сайёҳиро мемонд, ки дар он намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва намоишҳои театрӣ ва созу наво, ки гуногунии минтақавии Тоҷикистон инъикоси худро меёфт, ба намоиш гузошта шуда буд.