20-уми майи соли 2025 соати 07:09 дақиқа дар роҳи мошингарди ҷумҳуриявии “Алмаато-Екатеринбург” наздикии нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Кайрак”-и ноҳияи Карабалики Ҷумҳурии Қазоқистон микроавтобуси тамғаи «Ford» ба як мошини боркаш бархӯрд.
Бар асари ин ҳодиса 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 нафар, аз ҷумла ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Карабалик интиқол дода шуданд.
Фавтидагон:
1. Каримов Аҳтам Мамашоевич соли таваллуд 05.08.1989;
2. Боқиев Назрулло Раҳматович соли таваллуд 10.10.2001;
3. Боқиева Бахтигул Юсуфовна соли таваллуд 13.06.1985;
4. Салиҳов Юсуф Рӯзиевич соли таваллуд 18.02.1958;
5. Солиҳзода Фаёзиднин Шарофиддин соли таваллуд 01.11.1990;
6. Аминзода Маҳмадюнуси Сафол соли таваллуд 12.04.1992.
Ҷароҳатбардоштагон:
1. Ронанда Шарипов Сайвали Шералиевич – 50-сола;
2. Каримзода Аминчон Собирчон – 25-сола;
3. Каримов Халимҷон Собирҷонович 37-сола;
4. Боқиева Шаҳринисо Хайруллоевна - 22-сола;
5. Шарипов Сайалӣ Мирзовалиевич - 37-сола.
Ҳамаи ҳалокшудагон ва захмиён сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон буданд, ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.