Тамрини муштарак дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси Нақшаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  рӯзҳои 14-16-уми майи соли 2025 тибқи Нақшаи кории Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолияти маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ (ECHO-PPP)”

Мақсади гузарондани семинари мазкур ин баланд бардоштани донишу малакаи кормандону волонтёрон, аъзоёни кумитаи маҳалӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, гурӯҳи миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Филилаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мебошад.

Дар рафти семинар аз ҷониби наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят ба шунавандагон тарзи бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ, баромадан ва фаромадан аз биноҳои баландошёна, тарзи наҷот додани ғарқшудгон ва истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои наҷот намоиш дода шуд. 

 

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат

подполковник                Маликзода Д.М.