Вохӯрӣ бо атташеи ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Санаи 15 майи соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Атташеи ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Мэтью П. Уолтер мулоқот анҷом дод.

Раиси Кумита барои ҳамкориҳои фаъол ва саҳми Сафорати ИМА дар Точикистон дар рушди механизмҳои ҳифзи шаҳрвандӣ ва кӯмаки башардӯстона изҳори сипос намуда, қайд намудаднд, ки мулоқоти имруза дар роҳи мустаҳкам намудани ҳамкорӣ қадами муҳим аст.

Атташеи ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Мэтью П. Уолтер барои қабули самимӣ ва аз ҳамкориҳо, ки натиҷаҳои босамар нишон дода буданд, хотиррасон намуд.

Иброз намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба мо имкони беназир медиҳад, ки самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳоямон, аз қабили ташкили машқҳои муштарак, табодули мутахассисон, таҳияи стратегия ва нақшаҳои самараноки вокуниш ба офатҳои табииро баррасӣ кунем. Мо итминон дорем, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем барои ояндаи амн барои кишварҳо ва минтақаҳои худ заминаи мустаҳкаме ба вуҷуд оварем.

Зимни мулоқот ҷонибҳо, масъалаҳои зерринро баррасӣ намуда, қарор қабул намуданд, ки:

  • Ташкили давраҳои омӯзишӣ барои пешрафти самти фаъолият (омӯзиши кӯҳнавардӣ, тиббӣ ва кумаки аввалия);
  • Рушд ва дастгирии инфрасохтор барои вокуниши фаврӣ дар самти наҷоти саривақтии шаҳрвандон;
  • Бунёди биноҳои нави шуъбаву бахшҳои вилоятӣ;
  • Ташкили анборҳои захиравӣ дар ноҳияҳои дурдаст;
  • Таъмини техникаю таҷҳизот дар минтақаҳо;
  • Таъсиси Гурӯҳҳои зудамал, ки бо аҳолӣ кор мекунанд;
  • Ташкили давраҳои омӯзишӣ дар Маркази тамринии Қаратоғ;
  • Ташкили дарсҳои омода намудани тренорон ва идомаи омӯзишӣ ҳайати шахсӣ. (ТоТ тренерҳо).

 

барчасп: