Хабарҳои рӯзи гузашта. Аз сарозер шудани мошини боркаш дар рӯди Панҷ то харобиҳои сел

Рӯзи 17 майи соли 2025, соати 19:20 дақиқа дар шоҳроҳи автомобилгарди Хоруғ-Дарвоз, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванд, мавзеи Овчалии ноҳияи Дарвоз автомашинаи боркаши тамғаи Mercedes, ки аз ҷониби як сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идора мешуд, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Дар бораи ронанда маълумоти бештаре ҷуз ин нест, ки соҳиби ду фарзанд будааст.

Дар бораи сабаби садама ҳам мушаххасан намешавад чизе гуфт. Танҳо ин ки ронанда шояд ба иллати суръати баланди ҳаракат натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд.

Рӯзи 18-уми май тамоми рӯз наҷотдиҳандагони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода талош карданд мошин ва ронандаро пайдо кунанд, вале бенатиҷа.

Ҷустуҷӯҳо субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд.

18-уми майи соли 2025, соати 16:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои пуршиддат дар километри 94 то 96-уми шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Роғун сел омад ва роҳро муваққатан баст. 

Барои тоза намудани роҳ 2-адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ аз МДНРА-ноҳияи Нуробод сафарбар гардид. Дар айни замон роҳ пурра аз селовардаҳо пок шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. 

Мувофиқи маълумоти Шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода  18-уми майи соли равон дар натиҷаи обёрии заминҳои кишоварзӣ сатҳи оби канали Шайхмузаффар боло рафта, об аз соҳил берун шудааст ва ба заминҳои наздиҳавлигии хонаҳои №139 а/2 Турабаева Гуландом, №139а/3 Нурмуродов Азим, №145/3 Тағойбекова Заррина ва №147/1 Шоева Муборак ворид гардидааст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада ҳайати шахсии Шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода, Бахши Кумита дар ноҳияи Шаҳринав инчунин 10 нафар кормандони Хадамоти оташнишонии шаҳри Турсунзода бо як адад автомашинаи махсуси оташнишонӣ, ва 2 адад мотопомпаҳои обкашӣ сафарбар гардида, ҳолати мазкурро бартараф намудаанд.

Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ санаи 18 майи соли 2025 дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об ва ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ чунин корҳо ба роҳ монда шуд.

Барои корҳои бартарафсозӣ ҳамарӯза 4 нафар афсарон 15 нафар сарбозони қисми ҳарбии 45075-и Кумита якҷо бо аҳолии маҳаллӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҷалб карда мешаванд.

Инчунин, 2 адад техникаи муҳандисӣ-борбардори фронталӣ аз ҳисоби идораҳои ноҳиявӣ ва 2 адад мошини боркаш аз ҳисоби Кумита фаъолият намуданд.

барчасп: