Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023 ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шуда, аҳолӣ бо равишҳои наву муосири мубориза барои коҳиши хатари офатҳо омӯзиш дода мешавад.

Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ин гуна омӯзишҳои амалиро ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ мекунанд.

Чунончӣ, барои хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимии давлатии буҷетии Русияву Тоҷикистон ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, кормандони Раёсат ҳамин гуна чорабинӣ доир намуданд. 

Дар чорабинӣ дар бораи системаи мудофиаи граждании мамлакат ва нақш ва вазифаҳои он дар рӯзҳои мо нақл карданд. Ҳамзамон ба ширкаткунандагон дар бораи таҷрибаҳои худ ҳикоят намуда, ба ҳама суолҳои онҳо посух доданд. Дар бораи вижагиҳои касби наҷотдиҳанда, дар бораи пешгирии паёмадҳои бузургтарин ҳодисаҳои фавқулодда нақл карданд. 

Наҷотдиҳандагони пуртаҷриба бачаҳоро бо таҷҳизоти наҷот ва қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо дар мавсими оббозӣ шинос намуданд, ба онҳо телефонҳоеро ёдрас карданд, ки дар ҳоли рух додани ин ё он ҳодиса тавонанд бе ягон мамониат занг зананд ва кумак хоҳанд.