COVID-19: Шумори олудаҳо ба коронавирус ба 178 миллион наздик шуд, ҳудуди 3,9 миллион нафар ҷон бохтанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро субҳи имрӯз  177 миллиону 842 ҳазору 616 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 239 ҳазору 401 нафар ба ин беморӣ сироят шуда, аз он 8 639 нафар фавтиданд. Теъдоди ҷонбохтагон аз КОВИД-19 дар саросари олам аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 849 ҳазору 768 нафар расид. То ба имрӯз аз ин беморӣ 162 миллиону 350 ҳзору 700 нафар муолиҷа

Наҷоти кӯдаки 11-сола дар “Баҳри Тоҷик”. Волидон ҳамоно ба сарнавишти фарзандонашон бепарвоянд

16 – уми июни соли 2021, соати 12:10 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъи “Баҳри тоҷик” дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар натиҷаи беназоратии волидон сокини 11-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб буд дар об ғарқ мешуд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд, сари вақту басо оҷил худро ба ҷойи ҳодиса расонданд.

ПАЖӮҲИШ: Воксинҳо инсонро аз сирояти ҳамаи гунаҳои коронавирус муҳофизат мекунанд

Сарфи назар аз он ки гунаи ҳиндии коронавирус (Делта) нисбат ба гунаҳои дигари он сироятшаванда ва пурхатар аст ва ҳатто барои ононе ҳам, ки аз ду доза як доза воксинро гирифтаанд, хатар дорад, аммо донишмандон исбот карданд, ки эмкунӣ зидди ин вирус сатҳи ҳимояро маротиб боло мебарад. На танҳо садди роҳи сироят ба шаклҳои вазнини Covid-19 мешавад, балки сатҳи маргумирро ҳам поён мебарад.

Ду ғарқшуда дар як рӯз. Яке дар Суғд, дигар дар Душанбе. Яке наҷот ёфт, дуюмӣ ҳалок шуд

Як ҷавони 19-сола – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қариб буд дар обанбори стансияи насосии “Сомгор” ғарқ шавад. Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 14:30 дақиқа дар маҳалле рух дод, ки оббозӣ дар он қатъиян манъ аст.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти...

Мулоқот бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд.

Ҳадафи асосии сафар ба шаҳри Кӯлоб боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офатҳои табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардида...

Страницы