Суҳбат аз коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Рӯзи 21-уми апрели соли равон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Давлатзод Собирҷон Ғафур мулоқот баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ сухан аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва...

Дарси кушод аз таърихи ташаккули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

23 апрели соли 2021 масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ як мулоқоти омӯзиширо бо ширкати  намояндагони Шӯрои собиқадорон ва нафақахӯрони Кумита бо афсарони ҷавони Дастгоҳи марказиро созмон доданд, ки дар он таърихи пайдоиш ва дастовардҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мулоқт дар шакли дарси кушод буд...

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву хисорот ба қайд гирифта нашудааст

Тибқи маълумоти маркази зилзиласанҷӣ рӯзи 22.04.2021 соати 18:34 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 21 км ҷанубу шарқ аз ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

 Қувваи зилзила дар марказаш 3 балл, дар ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Садамаи Опел Астра дар Фондарё. Ронанда ва мусофиронаш саломатанд, вале маҷрӯҳ

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дирӯз, 23-уми апрел, тахминан соати 03:25 дақиқа дар километри 105 шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд, дар мавзеи Фондарё, ҷамоати шаҳраки Зарафшон садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Як мошини тамғаи Опел Астра, ки аз ҷониби як шаҳрванди...

Дарсҳо дар қисми ҳарбӣ. Сухан аз омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулода ва интиқоли сокинон ба маконҳои амн

Рўзи 21 – уми апрели соли 2021 дар қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълими – методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони шаҳру ноҳиҳои вилоят дар  мавзӯи “Комиссияи эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсион” ҳангоми сар задани...

Страницы