Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар як мактаби шаҳри Душанбе

26 апрели соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и ноҳияи Шоҳмансур «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи маориф, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, қувва ва воситаҳои Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат, зернизомҳои тиббӣ, сухторнишонӣ, барқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин муовин ва хонандагону омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 ширкат намуданд.

Дар рафти машқ, ҳамоҳангии қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва нерўҳои ғайриҳарбии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии номбурда ба роҳ монда шуд.

Нерўҳои ғайриҳарбии муассисаи таълимӣ то ҳозир шудани қувваҳои зернизомҳо, барои бартараф намудану пешгирии ҳолатҳои фавқулодда амалиётҳо анҷом дода, аз ўҳдаи вазифаҳои ба онҳо гузошта шуда, баромаданд.

барчасп: