Имдодгарони КҲФ 7 шаҳрвандро аз зери тарма наҷот доданд

3 марти соли 2025, соати 15:00 дар натиҷаи фаромадани тарма дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар рафти корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба наҷотдиҳандагони Кумита муяссар гардид, ки 7 нафарро, ки бо ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекарданд, аз зери барфи баланд зинда берун бароранд. Ба осебдидагон ёрии аввалин расонида шуда, ба минтақаи бехавф интиқол дода шуданд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд.

Сабти 11 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз! ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Бар асари боришоти зиёд дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. Ҳамин тариқ, 2 марти соли 2025 аз км 62 то 72 шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ёздаҳ ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳангоми фаромадани тарма 8 мошин – 6 мошини сабукрав ва ду мошини боркаш зери тарма мондаанд. Бо талоши наҷотдиҳандагони навбатдор ва кормандони хадамоти

КҲФ: хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба ҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки то 4 марти соли 2025 бар асари боришот дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳӣ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (км 62-74) ва дар ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон хавфи  баланди фаромадани тарма боқӣ

​Вохӯрӣ оид ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ВМКБ

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 “Дар бораи Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақша-чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) оид ба татбиқи ин барнома, санаи 28 феврали соли 2025 дар толори Раёсати КҲФ ва МГ дар ВМКБ вохӯрии ҳайати шахсии Раёсат бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, нозири калони шуъбаи пешгирии нашъамандӣ майор Ҳайдарзода Гев баргуз

КҲФ ОГОҲӢ МЕДИҲАД: ҳавои ноустувор ва сар задани офатҳои табиӣ дар назар аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки 2-3 марти соли ҷорӣ дар пайи воридшавии анбӯҳи ҳавои сард, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад.

Страницы