Аввалин сафари дастаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Британияи Кабир ба Тоҷикистон

Бо мақсади татбиқи Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ байни Кумита ва Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ аз 13 то 15 ноябри соли 2024 ҳайати гурӯҳи байналмилалии ҷустуҷӯ ва наҷоти Британияи Кабир барои нахустин бор аз Кумитаи мазкур дидан кард.

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид, селҳои эҳтимолӣ, сангрезӣ ва ярч дар доманакӯҳҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодар ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 13-14-уми ноябри соли ҷорӣ дар водиҳо боронҳои пуршиддат борида, 14 ноябр шабона дар манотиқи кӯҳӣ борон ба барфи тар мубаддал мешавад.  Дар аксар нафоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар пасманзазаи коҳиши башиддати дамои ҳаво борон авҷ мегирад ва дар баъзе навоҳӣ бод ҳам бо шиддати бештар хоҳад вазид. 

Оғози тамрини тавлидкунандагони системаи ALM дар КҲФ

Бо мақсади таъсиси Системаи ягонаи автоматикунонидашудам алоқаи КҲФ ва дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ барои воҳидҳои Кумита таҷҳизоти навтарини алоқа ва дастгоҳҳои назорати видеоӣ харидорӣ карда шуд.

Анҷоми тамринҳои панҷрӯа барои имдодгарон, ки аз ҷониби мутахассисони Туркия роҳандозӣ шуд

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои такмили ихтисоси КҲФ наҷотдиҳандагон гузаронида шуданд.

Ду ҳодисаи нохуш дар кишвар бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ. Сокинон ба ҳушдорҳо тавваҷҷуҳ намекунанд!

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани хабари тағйири обу ҳаво ва боронҳои шадид дар кишвар ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд. Ҳодисаи аввал дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод. Рӯзи 8 ноябри соли 2024 ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки як сокини 27-солаи деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба умқи 70 - метраи чоҳи кони металлургии Тоҷикистон ва Комбинати коркард сарозер шудааст.

Страницы