Се ғарқшудаи рӯи 20-уми июл

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 0.07.2021, соати 11:50 дақиқа як кӯдаки 4-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Б. Бурунов, деҳаи Шодмон ҳангоми дастурӯшӯӣ дар рӯдхонаи Андигон сарозер шудааст. Ҳамроҳи ин тифл касе аз калонсолон набудааст.

Ҳалокати як шаҳрванди Чин, ки дар канали Ёвон моҳидорӣ мекард

Як шаҳрванди Чин бо исми Вон-лен Вияо ҳангоми моҳидорӣ дар канали магистралии ноҳияи Ёвон сарозер шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 18-уми июли соли равон дар мавзеъи Лойқасой, воқеъ дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомӣ рух додааст.

Бино ба гузориш Вон-Лен Вияо 31 сол дошта, тарҷумони  ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Хитой” дар шаҳраки нави ноҳияи Ёвон будааст. Муваққатан дар ноҳияи Ёвон бо оила ва ду фарзандаш иқомат доштааст. 

Сели харобкор дар ноҳияҳои Панҷекат, Айнӣ, Масчо ва Деваштич. Ҳалокати одамон ва чорвои калону хурд. ШАРҲИ РАСМӢ

Шабонарӯзи гузашта боронҳои шадид дар баъзе аз минтақаҳои кишвар сабаби омадани селҳои харобкор ва талафоти ҷонӣ шуд. Аз ҷумла  19-уми июли соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави вилояти Суғд сел омад ва дар баъзе ҳолатҳои ин сел зараровару пурқурбонӣ буд. Тахминан соати 15:30 як сели азим дар деҳаи Дашти Қозии

Муҳимтарин хабарҳо аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро 191 миллиону 110 ҳазору 490 нафар эълон кард. То кунун аз ин бемории ҳамагир 4 миллиону 103 ҳазору 396 нафар ҷон бохтаанд.

Кишварҳое, ки сироятшудаи бештар доранд:

ИМА— 34 959 706

Харобиҳои сел дар Олмон Садриаъзам Меркелро ҳайратзада кард

Боронҳои пуршиддат, ки сабаби омадани селҳои харобкор дар ғарби Олмон шуда буданд, ба охир расиданд, сели пурхурӯш батариҷ рӯ ба оромӣ овард, сатҳи об дар рӯдхонаҳо поин рафт. Ин сели харобкор танҳо дар Олмон 157 нафар ва дар Белгия беш аз 30 нафарро кушт. Ҳоло дар Олмон ва Белгия теъдоде бенишон гум шудаанд ва табиист, ки омори марг ниҳоӣ нест, балки эҳтимоли афзоиши он вуҷуд дорад.

Страницы