COVID-19: Марги боз 7 469 нафар дар олам, ки 3 нафари онҳо аз Тоҷикистон буданд
Чоп шуд: 14/07/2021 | admin
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам 372 970 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва 7469 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Шумори умумии гирифторон ба COVID-19 дар олам ба 187 миллиону 086 ҳазору 096 нафар расидааст. Бар асари ин касалии ҳамагир то кунун ҳудудан 4 миллиону 43 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.